Shuhrat Latifov 0

Додхост

89 signers. Add your name now!
Shuhrat Latifov 0 Comments
89 signers. Almost there! Add your voice!
89%
Mullokhol signed recently
Rustam Bahriddinov signed recently


Додхост аз:
Раисҷумҳури Русия, ҷаноби оқои Д.А. Медведев
Раисҷумҳури Тоҷикистон, ҷаноби оқои Э.Ш. Раҳмон
Нахуствазири Русия, ҷаноби оқои В.В. Путин
Дабири Шурои амнияти Русия, ҷаноби оқои Н.П. Патрушев
Сарпарасти Шӯрои Федеролии Русия, ҷаноби оқои А.П. Торшин
Раиси Маҷлиси думои кишварии Русия, ҷаноби оқои Б.В. Грызлов
Додовари ҳуқуқи башар дар Русия, ҷаноби оқои В.П. Лукин
Аъзои арҷманди Маҷлиси иҷтимоъии Русия
Сардори Хадамоти амниятии Русия, ҷаноби оқои А.В. Бортников
Вазири умури дохилии Русия, ҷаноби оқои Р.Г. Нургалиев
Раиси Созмони амнияти ва ҳамкории Урупо, ҷаноби оқои Аудронюс Ажубалис
Дабири кулли Шӯрои Урупо, ҷаноби оқои Уве Корсепиус
Дабири куллии Созмони милали муттаҳид, ҷаноби оқои Пан Ги Мун
Раиси Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳояшон, ҷаноби оқои Ноэми Баррита-Чаноя
Раиси Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ҷаноби оқои Вилям Лэси Свинг
Раҳбарони созмонҳову ниҳодҳои ҳама кишварҳои зирабт
Намояндагиҳои сиёсӣ, сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии муқим дар Русия ва Тоҷикистон
 
Мо, намояндагони мардуми Тоҷикистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз густариши бесобиқаи фаъолияти созмонҳои неонозистӣ дар Русия ва афзоиши бегонаситезӣ дар он ҷомеъа амиқан ва шадидан нигарон ҳастем ва аз ҳукумати Русия дархост дорем барои пешгирӣ аз ривоҷи тундравии миллигароёна дар он кишвар чораҳои қатъӣ биандешад. Куштори ваҳшиёнаи яке дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Маскав ки чанде пеш рух додааст, моро водор карда ки на танҳо таваҷҷуҳи давлати Русия, балки созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалиро низ ба ин масъала ҷалб кунем, зеро бовармандем ки акнун ин мушкил аз чорчӯби умури дохилии он кишвар хориҷ шудааст.
Рӯзи 7 сентябри 2011 дар ҷангале дар ноҳияи Сергиево-Посад наздики Маскав пайкари пурзахм ва гулӯбуридаи Ҷонибек Қосимов,  шаҳрванди 24-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёфта шуд. Бахши бозҷусти Кумитаи бозҷӯии Русия дар ноҳияи Сергиево-Посад барои баррасӣ ва таҳқиқи куштори ваҳшиёнаи ин муҳоҷири кории тоҷик парванда боз карда ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия баррасии ин парвандаро зери назар дорад. Ҳамзамон бо ин Сафорати Тоҷикистон дар номае аз Вазорати умури хориҷии Русия хоста аст барои бозҷӯӣ ва баррасии дақиқи қазияи қатли шаҳрванди Тоҷикистон мусоъидат кунад.
Ҳарчанд масъулини ин ҷиноят ҳануз дастгир нашудаанд, аммо барои ҳар фарди солимфикре ошкор аст, ки ин куштор кори неонозиҳост. Бештари ҷонбохтагон аз дасти ин бегонаситезон бо ҳамин шеваи ваҳшиёна, яъне бо корд ва ё дигар аслиҳаи сард, кушта шудаанд. Дар ин авохир миллигароҳои бегонаситез ки иддаъо доранд Русияро аз мардуми «бегонафарҳанг ва бегонадин», ба вижа муҳоҷирони осиёӣ, қафқозӣ ва африкоӣ, «пок месозанд», бештар бар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла мекунанд. Бино бар додаҳои Бунгоҳи иттилоъотӣ-таҳлилӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар «СОВА» (Русия), неоназиҳо дар Русия дар ҳашт моҳи соли 2011 15 касро кушта ва 80 касро захмӣ карда ва 7 касро таҳдид ба куштан кардаанд. Бештари ҷабрдидагон аз дасти ин бегонаситезон аз мардумони Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Африко ва ё дигар милали ғайриславӣ будаанд. Аммо метавон гумон бурд ки теъдоди ҳамлаҳо ва ҷиноёт басе бештар аз ин додаҳо аст. Масалан, бино бар иттилоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, имсол аз Русия ба Тоҷикистон тобути беш аз 50 шаҳрванд оварда шуд ки бештарашон на ба марги таъбиӣ даргузаштаанд. Гумон меравад ки бисёре аз онҳо ба дасти бегонаситезон кушта шуда бошанд. Дар ин миён ҳар рӯз аз Русия ба Тоҷикистон тобути ду муҳоҷири корӣ фиристода мешавад ки бештарашонро бегонаситезон куштаанд.
Миллигароён барои бегонаситезии худ ин далели воҳиро меоранд ки гӯё муҳоҷирон фурсатҳои кориро аз аҳолии Русия «меситонанд», вале ҳамагон медонанд ки муҳоҷирони корӣ дар Русия душвортарин ва арзонтарин корҳоеро анҷом медиҳанд ки корҷӯёни бумии Русия аслан ва абадан бад-онҳо даст намезананд. Раҳбарони Русия низ борҳо алоқаи кишварашонро барои ҷалби нирӯи корӣ аз хориҷа изҳор доштаанд ва далелашро коҳиши нирӯи корӣ дар кишвар медонанд ки солиёна як милюн нафар кам мешавад. Аммо бархе аз сиёсатмадорони Русия аз мавзуъи доғи муҳоҷирати корӣ барои барангехтани эҳсосоти миллигароёна баҳра мегиранд ва аз зарурати гурӯҳбандии хориҷиён ва муҳоҷирон аз рӯи миллияташон ба «матлуб» ва «номатлуб» барои Русия иддаъо мекунанд.
Ошкор аст ки фаъолияти созмонҳои тундрави миллигаро дар Русия таҳдидест ҷиддӣ ва хатарнок барои зиндагӣ ва кору амнияти ҳам муҳоҷирон ва ҳам шаҳрвандони Русия ки чеҳра ва ё табори русиву урупоӣ надоранд. Ҳамчунин мудофеъони ҳуқуқи башар низ ки бо бегонаситезӣ пайкор доранд, ҳадафи ҳамлаи бегонаситезон қароро мегиранд. Ин миллигароён гӯё «фаромӯш кардаанд» ки Русия худ кишварест гуногунмиллат ва чандфарҳангӣ ки дар сарзаминаш беш аз 180 миллату мардум зиндагонӣ дорад. Бино бар иттилоъи мудофеъони ҳуқуқи башар, аз оғози соли 2011 то кунун дар Русия ҳудудан 39 кас ба ҷурми бегонаситезӣ маҳкум шуда ва 156 кас низ ба додгоҳ кашида шудааст. Аммо ҳамзамон даҳҳо ва садҳо ҷиноят баррасӣ ва бозҷӯӣ нашуда ва садҳо ҷинояткор ба сазои аъмолашон нарасидаанд. Ин ҳама бегонаситезӣ дар кишваре рӯй медиҳад ки дар замони Ҷанги ҷаҳонии дувум бахше аз абарқудрате буд ки пешоҳанги пайкор бо нозисми ҳитлерӣ буд ва милюнҳо шаҳрвандаш ки намояндаи милали гуногун буданд, ҷонашонро аз барои пирӯзии одамият дар пайкор бо бартариҷӯӣ ва нажодпарастӣ нисор карда буданд!
Ҳамакнун дар Русия чандин созмони миллигаро фаъолият доранд. Бархе аз ин созмонҳо расман миллигаро ва тундрав шинохта шуда ва фаъолияташон боз дошта шудааст. Аммо ин мамнуъиятҳо натавонистаанд пеши роҳи фаъолияти ин созмонҳоро бигиранд. Онҳо бо андаке дигаргунӣ дар сохтору роҳу равиш ва бо шиъорҳои наву «меҳандӯстонаи муътадиле» чун «ҳамдилии қавмӣ ва сиёсии мардуми рус», «эъломи кишвари миллии русҳо» ё «Русия барои русҳо» ҷавононро ба сафи худ ҷалб карда ва ақидаи бартарии нажодии  словҳо бар дигар мардумро тарғиб мекунанд. Гурӯҳакҳои наврасони саркал акнун сохторҳои созмонёфтае гаштаанд ки аз идеулужии миллигароёна пайравӣ мекунанд. Аъзои ин гурӯҳакҳо худро «партизанҳои рус» ва ҳамраҳони зиндонишудаашонро «бандии виҷдон» мехонанд. Ин афрод аз омӯзишҳои низомӣ низ бархурдор ҳастанд ки бештар ба гунаи бозиҳои низомӣ ва гоҳе дар варзишгоҳҳои созмонҳои иҷтимоъӣ ва ё кишварӣ ва ҳатто ниҳодҳои қудратӣ баргузор мешаванд. Бар касе ҳам пӯшида нест ки неоназистҳо парчами серангаи сиёҳу зарду сафеди Подшоҳии Русия дар садаи нуздаҳро намоди худ пазируфтаанд.
Чанде пеш дар шабакаи Интернет филми мустанади «Муқовимати русҳо» пайдо шуд ки сохтаи миллигароён аст. Нуктаи ҷолиб дар ин филм ин аст ки фаъолон ва раҳбарони идеулужики неофошистҳои рус на чеҳраи худро пинҳон медоранд ва на ному нишонашонро. Дар ин филм даъвате ошкоро барои бегонаситезӣ ба назар намерасад, аммо шахсиятҳояш бадбинии худро нисбат ба касоне ки нажоду миллияту дине ҷуз аз русӣ доранд, пинҳон намекунанд ва ҳадафашонро ҳам ошкоро эълом мекунанд ки рондани ғайрисловҳо аз Русия аст. Ҳамзамон дар ин филм раҳнамоиҳое дар бораи вижагиҳои фаъолиятҳои пинҳонӣ ё ба истилоҳ «ҷанги портизонӣ» ва ҳамчунин зарурати варзиш ва корбурди аслиҳаи сард ба намоиш гузошта шудааст. Мояи нигаронии амиқ ин низ ҳаст ки ин филм ва садҳо филме аз ин қабил ки бадбиниҳои нажодӣ ва бегонаситезиро тарғиб мекунанд, дар Интернет дар дастраси ҳамагон қарор доранд. Аз ин рӯ, аз ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Русия даъват мекунем бар ин падида амиқан таваҷҷуҳ дошта бошанд.
Мо бовармандем ки имрӯз хатаре ки аз сӯи созмонҳои неонозӣ бар амнияти ҷомеъа дар Русия таҳдид мекунад, камтар аз хатаре нест ки аз сӯи ба истилоҳ тундравии исломӣ эҳсос мешавад. Аммо агар барои пайкор бо тундравии исломӣ аз нерӯву имконоти фаровоне баҳрабардорӣ мешавад, вале мубориза бо неонозисм дар Русия аз он чунон таваҷҷуҳе бархурдор нест. Дар сурате ки куштори ваҳшиёнаи намояндагони милали ғайрисловиро низ мешавад дар шумори иқдомоти ҳаросафканӣ овард, зеро ҳадафашон тарсондани намояндагони дигар миллатҳост. Мо муътақидем ки чунин ҷиноёте бояд мӯшикофона бозҷуста ва баррасӣ шаванд ва ҷинояткорон ва раҳбарони идеулужикашон бояд ҳатман ошкор карда ва шадидан ба ҷазои аъмолашон расонда шаванд.
Мо аз раҳбарони Русия ва шахсан аз раисҷумҳур, нахуствазир, дабири Шӯрои амният ва раҳбарони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ даъват мекунем ки бар фаъолияти созмонҳои миллигаро амиқан таваҷҷуҳ дошта бошанд, зеро онҳо дар назар доранд бо шиъорҳои мардумфиребонае дар бораи пуштибонӣ аз ҳуқуқи аҳолии бумии Русия ҳамчун мухолифони сиёсӣ ва расман шинохташудаи ҳукумати кунунӣ вориди саҳнаи сиёсӣ шаванд. Иқдомоти зуроварона бар шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳамчунин иқдомоти миллигароёнаи бархе аз сиёсатмадорони русӣ равобити дӯстонаи Русия бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон тира мекунад ва доғест бар обрӯи кишваре ки аз усули мардумсолорӣ пайравӣ карда ва барои ҳама шаҳрвандонаш, новобаста аз нажоду миллияту динашон, ҳуқуқи баробар ва амниятро таъмин мекунад.
Мо аз мардуми солимфикр ва пешрафтаи Русия даъват мекунем ки бо мо ҳамроҳ шаванд ва аз густариши тундравӣ, нажодпарастӣ ва фошизм дар кишварашон пешгирӣ кунанд!
Мо аз раҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб дорем ки аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ дар ҳар ҷое ки бошанд, бечуну чаро ва қотеъона дифоъ кунад!
Мо аз созмонҳо ва ниҳодҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар даъват мекунем ки қазияи қатли Ҷонибек Қосимовро ки 7 сентябри 2011 дар Русия рух додаст, мустақилона баррасӣ ва бозҷӯӣ кунанд.
Мо аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ, Дабири кули Созмони милали муттаҳид, Шӯрои Амният ва Кумитаҳои СММ, Шӯрои Урупо ва Маҷлиси Урупо дархост дорем ки густариши рӯйдодҳои неонозистӣ дар Русия ва тавону омодагии ин кишвар барои чораҷӯӣ ва пайкор бо ин падидаро арзёбӣ кунанд. Ин арзёбӣ бояд бар асоси пажӯҳиш ва баррасии холисонаи авзоъву аҳволи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳояшон, гурезаҳо, аққалиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар Русия аз сӯи Гузоришгари вижаи СММ дар умури муҳоҷирони корӣ, Гузоришгари вижаи СММ дар умури намудҳои муъосири нажодпарастӣ, табъизи нажодӣ ва бегонаситезӣ ва ҳамчунин коршиносони мустақили Кумитаи ҳуқуқи башар дар СММ анҷом шавад.

Share for Success

Comment

89

Signatures